"Маркази барқу гармидиҳӣ-2"-и Душанбе 1,1 млн. тонна ангишт захира мекунад

"Маркази барқу гармидиҳӣ-2"-и ҶСК "Барқи Тоҷик" барои гузаронидани фасли зимистон дар ҳаҷми 1,1 млн тонна ангишт захира менамояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Бо мақсади бо гармӣ таъмин намудани аҳолии пойтахт захираи ангишт барои эҳтиёҷоти филиали "Маркази барқу гармидиҳӣ-2"-и ҶСК "Барқи Тоҷик" дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 дар ҳаҷми 1,1 млн тонна муайян шудааст, иттилоъ додааст АМИТ "Ховар".
Қайд карда шудааст, ки бо мақсади таъмини талаботи "Маркази барқу гармидиҳӣ-2 бо ангишт дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 кашонидан ва захираи ангишт идома дорад.
Захираи умумии ангишт то 1 октябри соли равон 852 ҳазор тонна ё 77,4 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон барои таъмини эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳӣ дар маҷмуъ 19,7 ҳазор тонна мазути камсулфур баробар ба 65,7 фоизи нақша захира шудааст.
Тоҷикистон ширкатҳои Қазоқистонро барои ширкат дар истихроҷи ангишт даъват кард
Бо қарори мазкур ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо дар самти омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст.
Қайд карда шудааст, ки роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аъзои он мебошанд.
Ба иттилои манбаъ ҳоло ин ситод барои таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои қарори мазкур фаъолияти амалӣ мебарад.