Имзои нақшаи чорабиниҳои муштарак Вазоратҳои маорифи Беларусу Тоҷикистон

Дар Беларус нақшаи чорабиниҳои муштарак байни Вазорати маорифи Беларус ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Нақшаи чорабиниҳои муштарак байни Вазорати маорифи Беларус ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 вазири маорифи Беларус Андрей Иванец ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода имзо карданд.
"Имрӯз мо изҳор менамоем, ки ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, илм ва сиёсати ҷавонон байни Беларус ва Тоҷикистон хеле босуръат инкишоф меёбанд, - изҳор дошт вазири маорифи Беларус.
Вай таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои Беларус беш аз 500 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Як ҷанбаи муҳим низ рушди ҳамкориҳои ҳайати омӯзгорони кишварҳои мост.
Андрей Иванец қайд кард, ки афзалиятҳои ҳарду давлат дар соҳаи маориф ба ҳам наздик мешаванд.
Тақвияти бахши маориф дар ҳамкории муштарак миёни донишгоҳҳои Душанбеву Томск
"Тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ яке аз муҳимтарин самтҳои афзалиятноки рушди низоми маорифи ҳам кишвари мо ва ҳам Тоҷикистон ба шумор рафта, дар доираи ин ҳамкориҳо имрӯз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Беларус бо Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳамкории зич дорад”, қайд кард вазири белорусӣ.
Раҳимҷон Саидзода вазири тоҷик низ таъкид кардааст, ки кишварҳо имрӯз имкон доранд, ки дастурҳои аз ҷониби роҳбарони давлатҳои мо додашударо амалӣ созем.
Дар доираи форум як ҳайати баландпояи Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Беларус дидан кард. Дар донишгоҳ музокироти дуҷонибаи раҳбарони бахшҳои таълимии ду кишвар баргузор шуд.