Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Украина: Мо наметавонем пеши роҳи бомбҳои ҳавоии Русияро бигирем

Қувваҳои мусллаҳи Украина ахиран эълон карданд, ки имкону қудрати муқовимат бар зидди бомбаҳои ҳавоии артиши Русияро надоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Артиши Украина барои муқовимат ба бомбҳои ҳавоии Русия, системаҳои дифои ҳавоии кофӣ надорад, гуфт сухангӯи собиқи нерӯҳои дифоии “Ҷануби” Украина Наталя Гуменюк дар шабакаи телевизионии Рада.
"Онҳо (артиши Русия) медонанд, ки мо барои муқовимат бо бомбгузориҳо василаи кофӣ надорем, аз ҷумла, мо дар ихтиёри худ ситемаҳои дифоъи ҳавоӣ кофӣ надорем. Мо ҳамчунин ҷангандаҳое, ки метавонанд ҳавопаймоҳои бомбпартои Русияро нобуд кунанд надорем ", - ӯ гуфт.
Дар моҳи август мушовири фармондеҳии нерӯҳои ҳавоии Украина Юрий Игнат гуфт, ки системаҳои дифои ҳавоии онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистаанд мушакҳои Х-22-и Русияро нобуд кунанд.
Инчунин оқои Игнат қайд карда буд, ки мушакҳои Русия қодиранд масири худро зуд тағйир диҳанд ва ба ҳамин хотир системаи дифои ҳавоии Украина аксар вақт наметавонад мушакҳоро сари вақт ошкор кунад.
Украина ё Афғонистон: Ҳамос аслиҳаи амрикоиро аз куҷо ба даст овард?
Артиши Русия амалиётҳои мушакӣ ба ҳадафҳо дар қаламрави Украинаро 10 октябри соли 2022, ду рӯз баъд аз бомбгузории пули Қрим, ки ба гуфтаи мақомоти Русия, дар он Хадамоти вижаи Украина даст дошт, оғоз карданд.
ДАр тамоми қаламрави Украина ба иншоотҳои энергетика, саноати мудофиавӣ, фармондеҳии низомӣ ва алоқа зарба зада шуд. Аз он вақт инҷониб, ҳар рӯз дар минтақаҳои Украина ва баъзан дар саросари кишвар Бонги хатар эълон карда мешаванд.