Вазорати дифои Русия видеоеро нашр кард, ки дар он лаҳзаи нобудсозии як танки артиши Украина дар хати ҷабҳаи Запорожие сабт шудааст.
Тавре вазорат қайд карданд, тӯпхонаии Русия бо зарбаи дақиқ мошини ҷангиро, ки наздики ҷангал ҳаракат мекард, нобуд сохтанд. Сарбозони Русия ба ин мавқеъ оташ кушоданд ва тонкро нобуд сохтанд.
Дар видео нишон дода шудааст, ки гулӯла ҳангоми ҳаракат ба танк бархӯрдааст.
Нерӯҳои украинӣ моҳи панҷум аст, ки дар самтҳои Южнодонетск, Артемовск ва Запорожье амалиёти ҳамлаи ҷавобӣ анҷом медиҳанд.
Артиши Украина ҳамлаи ҷавобии худро ба гурӯҳҳои ҷангие, ки НАТО тамрин додааст ва бо таҷҳизоти хориҷӣ мусаллаҳ шудаанд, анҷом дод.
Рӯзи панҷшанбе раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки аз 4 июн нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 90 ҳазор сарбоз, 557 танк ва қариб 1900 мошини зиреҳпӯшро аз даст додаанд.