ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ 43,32 километр сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Ба иттиои хабаргузорӣ тибқи тавофуқи дуҷониба, аз 3 октябр то 7 октябри соли 2023 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ дар умури масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид.
“Гурӯҳҳои кории топографӣ 43,32 километр сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо дар вохӯрии навбатӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мегардад, кори тасвири минтақаҳои боқимондаро идома медиҳанд.
Инчунин таъкид карда шудааст, ки дар анҷоми мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки ахиран чанде пеш раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо ҳамтои қирғизиаш Қамчибек Тошиев масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд.
Роҳбарони гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон муҳиммияти ҳаллу фасл намудани минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии байни ду кишварро иброз намуда, ба аъзоёни гурӯҳҳои корӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон корҳоро барои тартиб додани нақшаи лоиҳаи хатти марзи давлатии ду кишвар дар қисматии боқимондаи сарҳади давлатӣ идома медиҳанд.
Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо тақвияти бахшидани дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва эътимодӣ байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷониба муҳим донистанд.