Намоишгоҳи мошинсозии махсуси Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе

Намоишгоҳ бо мақсади нишон додани тавонмандиҳои тавлидкунандагони таҷҳизоти кишоварзӣ, роҳсозӣ ва саноати ғизоии Русия баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи мошинсозии махсусгардонидаи Русия ва Тоҷикистон бо номи "Спецмаш-Тоҷикистон-2023" баргузор мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ намоишгоҳи мазкур рӯзҳои 19-20 октябр дар Маҷмааи "Кохи Борбад" баргузор мегардад.
Қайд карда шудааст, ки намоишгоҳи мазкурро Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва савдои Русия ташкил менамоянд.
Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ дар форуми “Душанбе Инвест” чиро намоиш дод?
“Намоишгоҳ бо мақсади нишон додани тавонмандиҳои тавлидкунандагони таҷҳизоти кишоварзӣ, роҳсозӣ ва саноъати ғизоии Русия доир шуда, танзимгари намоиш Ҷамъияти саҳомии "Экспоцентр" мебошад”, - қайд кардааст Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Дар намоишгоҳи "Спецмаш-Тоҷикистон-2023" беш аз 9 корхонаи истеҳсолии Русия иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар пойтахти Тоҷикистон форуми Душанбе-инвест баргузор шуд, ки дар он соҳибкорони Русия ба таври фаъол ширкат карданд.