Мунтахаби футзали Тоҷикистон дастаи Ҳиндустонро дар Ҷоми Осиё -2024 шикаст дод

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё -2024 бар дастаи Ҳиндустон бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дастаи мунтахаби футзалиТоҷикистон дар бозии якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи "Е" бар тими Ҳиндустон бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Голҳоро ба дарвозаи тими Ҳиндустон: Файзали Сардоров, Идрис Ёров, Умед Қузиев и Мухаммаҷон Шарипов.
Дастаҳои Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон барои роҳхати қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд.
Созиши Рустами Эмомалӣ бо Ҳамад бин Халиф дар мавриди рушди футбол
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрии дигари гурӯҳи "Е" мунтахаби Мянмар бар тими Фаластин ғалаба кард - 2:1.
Дастаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Фаластин бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ рӯзи 9 октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мегардад.
Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе баргузор мешаванд.