ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба 1 млрд 167 млн сомонӣ баробар гашта, рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2%-ро ташкил додааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, аз ин миқдор ба маблағи 343,6 млн сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 51,2 млн. сомонӣ ё 12,4 дар сад афзоиш ёфтааст.
Қайд карда шудааст, ки ин раванд барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор гузоштааст.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар нӯҳ моҳи соли равон 49 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шудааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ҳоли ҳозир шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 254 адад расид.
Илова карда шудааст, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 292 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.