Дар Ӯзбекистон аз дохили як мошин бо рақами Тоҷикистон ҳероин дарёфт шуд

Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод, ки 36 баста бо маводи мухаддир дар қисмати поёнии мошин пинҳон карда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар гузаргоҳи Ялламаи вилояти Тошканд, дар марзи Ӯзбекистон ва Қазоқистон аз як микроавтобус маводи мухаддир дарёфт гардид.
Дар ин бора Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, мошин рақамҳои давлатии Тоҷикистон дошт. Аз дохили он 20 кг маводи мухаддири навъи ҳероин дарёфту мусодира гардид.
Манбаъ меафзояд, тибқи ҳуҷҷатҳо ин мошини бидуни бор ҳаракат мекард, вале зимни тафтиши мошин аз қисмати поёнӣ 36 халта дарёфт шуд, ки ҳамаи онро бо лента печонида пинҳон кардаанд.
"Дохили халтаҳо хокаи дорои бӯйи тунд буд ва пасон маълум шуд, он маводи мухаддири навъи ҳероин мебошад", - омадааст дар хабарномаи Кумита.
Ин ниҳод афзуд, ки дар робита ба дарёфти мухаддир феълан мақомотҳои марбута тафтишот мегузаронанд.
Душанбе нигарониҳояшро дар мавриди Афғонистон баён дошт
Дар ҳамин ҳол, ниҳодҳои Тоҷикистон ин қазияро шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки чӣ гуна ин мошин бо рақами давлатии Тоҷикистон ҳаракат мекард ва бори дар дохили онбуда ба кӣ тааллуқ дорад.