Шойгу раванди истеҳсоли системаи мушакии "Сармат" -ро тафтиш кард

Комплекси нав барои иваз кардани мушакҳои кӯҳна дар қӯшунҳои стратегии мушакӣ пешбинӣ шудааст
Sputnik
Вазири дифои Русия генерал Сергей Шойгу кори "Красмаш"-ро дар қаламрави Красноярск, ки системаи мушакии стратегии "Сармат" истеҳсол мекунад, тафтиш кард. Т
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, аввалин мушакҳои истеҳсолии "Сармат" дар ояндаи наздик мавриди истифода қарор мегиранд.
Мушаки баллистикии байниқитъавии "Сармат" дар Маркази давлатии ракетии ба номи В.П.Макеев таҳия шудааст, истеҳсолкунанда заводи "Красмаш" мебошад.
Нахустин партоби "Сармат" аз космодроми Плесеск моҳи апрели соли 2022 анҷом дода шуд.
Партоби муваффақи мушаки балистикии қорапаймои “Сармат”
Тавре Владимир Дегтяр, директори генералии Маркази давлатии мушакии Макеев изҳор дошт, "Сармат" дар муқобили дифоъи мушакии душман осебнопазир аст.
Системаи мушакӣ моҳи сентябри соли 2023 дар Русия ба вазифаи ҷангӣ гузошта шуд.
"Сармат" як системаи мушакии стратегӣ бо мушаки баллистикии байниқитъавии вазнини моеъ мебошад.
Вазни як ракета аз 200 тонна зиёд аст. Масофаи эълоншуда 18 ҳазор километр ва бори ҷангӣ 10 тонна аст.