Русия барои мубориза бо маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ ним миллион доллар ҷудо кард

Сафорати Русия дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар Душанбе бахшида ба оғози марҳилаи дуюми лоиҳа мизи мудаввар баргузор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Русия барои идомаи тарҳи СММ барои мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ 500 ҳазор доллар ҷудо кардааст.
Дар ин бора аз сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамин тавр, дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози марҳилаи дуюми лоиҳа мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он Вера Хуторская, намояндаи сафорат ширкат дошт.
"Мо аз кори Созмони Милали Муттаҳид дар минтақаи Осиёи Марказӣ пуштибонӣ мекунем ва азм дорем, ки дар ин самт кумаки сиёсӣ ва молиро идома диҳем", - қайд кард дипломат.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа натоиҷи марҳилаи аввали лоиҳа, ки дар ҷараёни он созмони ҷавонон дар Осиёи Марказӣ барои мубориза бо истеъмоли маводи мухаддир таъсис дода шуд, баррасӣ гардид.
ВУД-и Русия: Таҳдиди аслии ба кишварҳои СПАД ин интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон аст
Он аз 25 нафар, аз ҷумла намояндагони Тоҷикистон иборат буд.
Марҳилаи дуюми лоиҳа барои солҳои 2023-2024 пешбинӣ шуда, тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро фаро мегирад.
Ҳадафи барнома иртиботи созмон бо мақомоти давлатӣ ва пешбурди равишҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда ва ба далелҳо асосёфта барои пешгирии истеъмоли маводи мухаддир мебошад.