ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Ба Тоҷикистон барои ҳифзи ягонагӣ бо ИДМ чӣ кӯмак мекунад?
Ин мавзуъро дар конфронси байналмилалии илмӣ - амалии "Таълими бисёрфарҳангӣ ва бисёрзабонӣ дар Тоҷикистон" баррасӣ намуданд, иттилоъ додааст сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки ба ифтихори оғози тантанавии чорабинӣ ҳамчунин ифтитоҳи бинои нави Академияи таҳсилоти Тоҷикистон сурат гирифт.
Инчунин ба муносибати оғози конфронс сафири Русия дар Душанбе Семён Григорев суханронӣ кард.
"Дар Тоҷикистон ба рушд ва тарғиби забони русӣ аҳамияти калон дода мешавад, ки ба шарофати он мардуми кишвар бо Русия ва ИДМ робитаи ҷудонашаванда доранд", - таъкид кард ӯ.
Дипломат қайд кард, ки соли 2023 дар ҳудуди Иттиҳод Соли забони русӣ ҳамчун забони муошират байни миллатҳо эълон шудааст.
“Ояндаи умумии халқҳои кишварҳоямон асосан бо васеъ истифода бурдани забони русӣ муайян карда мешавад”, - илова кард сафир.
Аз ин пеш дар Норак синфи нави забони русӣ кушода шуда буд.
Гуфта мешавад, ки мактаби рақами 3 ғолиби озмуни Намояндагии башардӯстонаи Русия ва намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон “Ба мактаби ман – синфи нав” гардид.