ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Агар меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии СММ якбора ба партовгоҳи таърих партофта шаванд ҷаҳонро бесарусомонии боз ҳам бештар фаро хоҳад гирифт.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар доираи суҳбаташ дар маҳфили мубоҳисавии "Валдай" баён дошт. Вай дар зимн таъкид кард, ки СММ ниёз ба ислоҳоту такмил дорад, ки он бояд мунтазам амалӣ гардад.
Ӯ гуфт, соли 1945 вазъият дар ҷаҳон дигар буду ҳозир тамоман дигар ва меъёрҳои ҳуқуқӣ бояд вобаста ба замон такмил дода шавад. Аммо агар якбора низоми феълиро бартараф кунему навро насозем, тамоман бетартибӣ оғоз мешавад, ҳушдор дод Путин.
Вай барои самаранокии кори созмон зарур хонд, ки дар Шӯрои амнияти СММ бояд кишварҳое намояндагӣ дошта бошанд, ки вазнашон дар ҷаҳони муосир афзоиш ёфта истодааст.
Дар ин феҳраст аз ҷумла Ҳиндустонро ном бурд, ки беш аз 1,5 млрд нафар аллакай аҳолӣ дораду иқтисодаш низ рушд ёфта истодааст. Инчунин Бразилия, Африқои Ҷанубӣ, ки бояд афзоиши нуфузашонро дар ҷаҳони муаосир ба назар гирифт.
Путин таъкид кард, ки меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии СММ ҳанӯз то охир тахриб нашудаанд, аммо низоми СММ куҳна шудааст ва мунтазам вобаста ба замон бояд ислоҳу такмил дода шавад.