ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Арабистони Саудӣ омодагияшро барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба Тоҷикистон баён доштаст.
Ин нукта дар мулоқоти раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо раиси иҷроияи Фонди саудии рушд Султон ибни Абдурраҳмон Ал-Маршад баён шудаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, Душанбе омодагии ҷониби Арабистони Саудиро барои сармоягузорӣ ба инфрасохтор, аз ҷумла ба нерӯгоҳи "Роғун" баланд арзёбӣ кардаст.
"Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷониби Арабистони Саудиро тавассути Фонди рушд ҷиҳати тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла барои иштирок дар маблағгузории лоиҳаи стратегии Тоҷикистон неругоҳи барқи обии "Роғун" баланд арзёбӣ менамояд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин Рустами Эмомалӣ аз нақши Фонди саудии рушд дар раванди татбиқи лоиҳаҳои рушд ва барномаҳои иҷтимоӣ дар бахшҳои инфрасохтори нақлиёт, тандурустӣ ва маориф дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Таъкид гардидааст, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз муҳимтарин шарикони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони араб ва ислом ба ҳисоб меравад.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандияшонро ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе ҳавасмандии хешро баён доштаанд.