Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Сарбозони украинӣ пас аз фармони истод дар мавқеъҳои бидуни тиру тӯп таслим шуданд

Дар Ҷумҳурии Мардумии Донетск 17 сарбози артиши Украина баъд аз фармониистод дар мавқеъҳои бидуни тиру тӯп ба сарбозони Русия таслим шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Як манбаъ дар нерӯҳои амниятӣ ба хабаргузории РИА “Новости” иттилоъ додааст, ки як гурӯҳиаз сарбозони украинӣ пас аз фармони фармондеҳиашон дар бораи истодан дар мавқеъи худ бидуни лавозимоти ҷангӣ ба артиши Русия таслим шуданд.
Дар маҷмӯъ 17 нафар ба сарбозони Русия таслим шуданд.
Таъкид шудааст, ки фармондеҳони украинӣ ба сарбозони худ ҳатто баъди тамом шудани лавозимоти ҷангӣ иҷозат надоданд, ақибнишинӣ кунанд.
Қаблан низомиёни артиши Украина дар самти Сватово-Кременная таслим шуда. Онҳо нияти таслим шуданро тавассути канали алоқаи кушод дар басомади 149.200 эълон карданд. Ин имкон барои сарбозони украинӣ, ки мехостанд силоҳҳои худро ба замин гузоранд дар моҳи июл пайдо шуд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Морозова: Украина дар марги 230 кӯдак дар Донетск даст дорад
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар қаламрави Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин нозизудоӣ ва ғайринизомӣ сохтани Украина буд.