Созиши Рустами Эмомалӣ бо Ҳамад бин Халиф дар мавриди рушди футбол

Президенти ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA бо президенти Ҷоми Халиҷ дар шаҳри Душанбе мулоқот карда, барои рушди футбол созишнома ба имзо расондаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Президенти Ҷоми Халиҷ Ҳамад бин Халиф бин Аҳмад Ал-Танӣ бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Аҳмад Ал-Танӣ бо раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе ва президенти ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Рустами Эмомалӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
"Дар мулоқот масоили марбут ба соҳаи варзиш бахусус футбол ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардид", - омадааст дар иттилоия.
"Равшан" дар меҳмонӣ бозиро мусовӣ ҷамъбаст кард
Рустами Эмомалӣ меҳмонро хайрамақдам гуфта, аз муносибот дар соҳаи варзиш ва дигар самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ҳамчунин президенти ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ кардаст.
Ӯ зикр намудаст, ки дар доираи ин ҳамкориҳо мутахассисони тоҷик таҷрибаи худро оид ба менеҷменти футбол сайқал медиҳанд. Инчунин тибқи талаботи муосир ташкил намудани мусобиқаҳоро меомӯзанд.
Дар баробари ин ҷонибҳо созиш кардаанд, ки барои ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш хосатан футбол тадбирҳои мушаххаси бештарро амалӣ хоҳанд кард.