"Росатом" омода аст дар самти гузаронидани корҳои геологӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад

Муовини мудири кулли Корпоратсияи давлатии "Росатом" таъкид кард, ки Русия омода аст барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар оянда низ ҳамкорӣ намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо муовини мудири кулли Корпоратсияи давлатии "Росатом" Николай Спасский таъкид намуд ҳамкориҳо бо Русия сол аз сол тавсеа ёфта истодааст.​
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, раиси вилоят қайд кард, ки дар вилояти Суғд шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, бо ҷалби сармоягузорони рус дар бахшҳои мухталиф ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.
“Ҳамзамон дар бораи захираву имконоти вилоят дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сайёҳӣ ба меҳмонон иттилоъ пешниҳод гардида, омодагии вилоят барои густариши робитаҳо баён гардид”, - таъкид намудааст манбаъ.
Аҳмадзода: дар ҳамкорӣ бо "Росатом" ҳамаи “гуристонҳои уран“ дар Суғд безарар мегарданд
Ҳамчунин дар ин мулоқот қайд карда шудааст, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва "Росатом" лоиҳаи рӯйпӯшкунӣ ва безараргардонии мавзеи саноатии "Табошар" татбиқ гардида, барои иҷрои корҳо 300 нафар мутахассисон аз Россия ва Тоҷикистон ҷалб гардиданд.
Муовини мудири кулли Корпоратсияи давлатии "Росатом" Николай Спасский дар зимн изҳор дошт, ки "Росатом" омода аст дар самти гузаронидани корҳои геологӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар оянда низ ҳамкорӣ намояд.