ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Дар боғи фарҳангию фароғатии марказии шаҳраки Бӯстон ҷойи махсус ҷудо шуда дар он нимпайкараҳои қаҳрамонони ҷангу меҳнат насб карда мешавад.
Дар ин бора аз Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд.
Зайнуддин Заҳрутдинов аъзои Шӯрои мазкур ва аз ташаббускорони ин иқдом ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ҳадаф аз гузоштани нимпайкараҳои қаҳрамонони ҷангу меҳнатро арҷгузорӣ ба заҳмату фидокориҳои шоистаи собиқадорону заҳматкашони ҶБВ ва тарбияи маънавии насли нав дар рӯҳияи меҳнатдӯстию ватанпарастӣ зикр кард.
“Дар ин гӯша нимпайкараҳои иштирокчии ҶБВ солҳои 1941-1945, қаҳрамони халқии Лаҳистон – Малик Ашӯров (Иван – Тоҷик), қаҳрамонони ҷабҳаи меҳнату корзор Ҳоҷӣ Амиров, Наврӯзмаҳмад Раҷабов ва Сафарбек Давлатов гузошта хоҳанд шуд, ки ҳар кадоме аз фидокориҳои беназир кардаанд” – гуфт, Заҳрутдинов.
Бино гуфти ӯ, пайкараҳо аз сӯи муҷассамасози номдор Асрори Аҳрориён сохта шуда, қарор аст рӯзҳои наздик бо иштироки масъулони ҳукумат расман насб карда шаванд.
Ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ дар бораи абадӣ гардонидани хотираи қаҳрамонони ҷанг ва меҳнат бо судури қарор замин ҷудо намуд.
Бар пояи иттилоъи Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар солҳои 1941 – 1945 беш аз ду ҳазор ҷавонони далеру шуҷоӣ мастчоҳӣ ба ҶБВ сафарбар шуда, аз ин теъдод беш аз 220 нафар шаҳид шуда абадӣ хобидаанд. Дигарон бо пирӯзӣ бар фашим ба Ватан баргаштаанд.
Зайниддин Заҳрутдинов иброз намуд, ки ҳоло аз шумури умумии иштирокчиёни ҶБВ як нафар бо насаби Ҳотамов, собиқ корманди мақомоти милитсия дар деҳаи Мастчоҳ дар қайди ҳаёт мебошад.
Аъзои Шӯро таъкид намуд, ки ному ёди қаҳрамонони ҶБВ абадан зинда буда, фаромуш намешавад.