ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Гуруҳи низомиёни Тоҷикистон барои иштирок дар машқҳои муштарак бо Нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ вориди Қирғизистон шудаанд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Қирғизистон бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки низомиёни Тоҷикистон тариқи ҳавопаймо ба фурудгоҳи Кант омаданд.
Сипас нерӯҳои посдори сулҳи Тоҷикистон ба минтақаи баргузории размоиш - ба Баликчи рафтанд.
"Дар майдони қисми низомӣ маросими истиқболи низомиёни тоҷикистонӣ аз ҷониби роҳбарияти размоиш баргузор шуд", - омадааст дар иттилоия.
Бар асоси аксҳои нашркардаи Вазорати мудофиаи Қирғизистон низомиёни тоҷикро дар майдони размоиш бо нону намак пешвоз гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки аз 9-ум то 13-уми октябр дар маркази таълимию тамринии "Эделвейс"-и қисми низомии 20636-и Вазорати дифои Қирғизистон тамринҳо бо нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи кишварҳои узви СААД баргузор мешаванд.
Размоиши мазкур таҳти унвони "Бародарии осебнопазир - 2023" бо нерӯҳои кишварҳои узви СААД - Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия баргузор мегардад. Тибқи нақшаи размоиш ҳамаи воҳидҳои кишварҳо бояд то 6 октябр ба макони тамрин ҳозир шаванд.