Милисаҳо дар Бохтар соҳиби манзили истиқоматӣ мешаванд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои шиносоӣ бо рафти корҳои ободонӣ ва шароити зисту хидмати сарбозону кормандони мақомоти дохилӣ ба Хатлон рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар сохтмони бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сохта мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, санги асоси бинои навро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода ва раиси вилоят, Давлаталӣ Саид гузоштаанд.
"Сохтмони бинои 7-ошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгир намудани маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаи аввал ва дигар ошёнаҳо барои истиқомат намудани кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон амалӣ мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки бинои мазкур дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёд меёбад.
Дар бинои бисёрошиёнаи навбунёди Хоруғ ба зарардидаҳо аз тарма хона доданд
Раҳимзода ва Давлаталӣ Саид аз сохтмончиён хостаанд, ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати ҷиддӣ дода, иншоотро дар муҳлатҳои муайянгардида ба итмом расонанд.
Дар баробари ин вазри корҳои дохилӣ ва раиси вилоят аз қисми низомии қӯшунҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар боздид карда, бо шароити хизмативу маишии афсарону сарбозон шинос гардиданд.
Аз ҷумла аз хобгоҳ (казарма), ошхона, ҳаммом ва дигар корҳои ободонию созандагӣ боздид кардаанд.
Таъкид шудааст, ки сарбозон бояд дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ тарбия ёбанду сарбозон бояд ба тарбияи ҷисмонӣ ва обутоби бадан диққати махсус диҳанд.