Мақоми нави Ниятбеков дар ВМКБ

Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мақом гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Ғолиб Ниятбеков раиси Иттифоқи журналистони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интихоб гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ иттилоъ дода, афзуд, ки интихоби Ниятбеков дар мизи мудаввар, ки бо иштироки аъзоёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сурат гирифт.
Ниятбеков ҳамчунин мақоми мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ-ро ба уҳда дорад.
Дар чорабинӣ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, намояндагони ВАО аз ВМКБ, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.
Дар Хоруғ конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба сулҳу ваҳдат баргузор гардид
Раиси Вилояти Мухтори Кҳҳистони Бадахшон, Алишер Мирзонабот низ рӯзноманигоронро ба вилоят хайра мақдам хонда барои саҳми арзанда гузоштан дар инъикоси рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят изҳори миннатдорӣ кардаст.
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ барои дастгирии ҳаматарафа аз ВАО ва ҳамкорӣ ба Алишер Мирзонабот сипоснома додаст.
Маврид ба зикр аст, ки сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тайи чанд рӯзи охир идома дорад.
Дар доираи сафар, масъулини расонаҳо аз иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои сайёҳӣ боздид карданд.