Занги Матвиенко ба Раҳмон дар зодрӯзаш

Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Русия бо раисҷумҳури Тоҷикистон вазъи кунунии ҳамкориҳо ва дурнамои рушди равобити ду кишварро баррасӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рушди пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Русияро аз авлавиятҳои сиёсати Душанбе хондааст.
Вай ин нуктаро зимни суҳбати телефонӣ бо раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия, Валентина Матвиенко баён доштааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Матвиенко ба Раҳмон дар рӯзи зодрӯзаш занг задааст.
Раиси Палатаи болоии парлумони Русия дар баробари таманниёти нек дар зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Маскаву Душанберо баррасӣ намудаст.
Путин Раҳмонро бо зодрӯзаш табрик кард ва аз обрӯву эътибори баландаш гуфт
Раванди густариши муносибатҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ саҳми босазо доранд, таъкид намудаанд ҷонибҳо.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ изҳори боварӣ кардаст, ки равобити байни Тоҷикистону Русия минбаъд ҳам мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар рушд хоҳанд кард.
Президенти Тоҷикистон соли равон 71-умин солгарди зодрӯзашро таҷлил мекунад. Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) ба дунё омада, аз моҳи ноябри соли 1992 ба ин сӯ амалан раҳбари Тоҷикистон мебошад.