ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар вилояти Суғд 11 нафар барои ворид кардани мошинҳои истеҳсоли то соли 2005 боздошт шуданд.
Дар ин бора Сардори шуъбаи мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар Идораи гумруки Суғд Инъом Очилзода ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки қонуншиканон асноди соли тавлиди мошинҳоро тақаллуб кардаанд. Ҳамин тариқ, рақамҳои мушаххас, яъне рамзҳои VIN-и мошинҳои то соли 2005 истеҳсолшуда ба солҳои 2006-2009 иваз карда шуда, баъд аз он мошинҳо ба кишвар ворид карда шуданд.
"Бо мақсади ба даст овардани даромади осон онҳо бо истифода аз дастгоҳи лазерии компютерӣ рамзҳои VIN-и мошинро тақаллуб кардаанд", — гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Илова бар ин, Сардори шуъбаи мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар Идораи гумруки Суғд дар бораи даромади қонуншиканон сухан гуфт.
"Аз соли 2018 то моҳи сентябри соли 2023 барои истеҳсоли як рамзи VIN-и автомобил дар шакли металлӣ ва коғазӣ аз 800 то 1000 сомонӣ гирифтаанд", - зикр кард ӯ.
Инъом Очилзода қайд кард, ки дар як сол қонуншиканон рамзи VIN-и 30 мошинро иваз карда, ба Тоҷикистон овардаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 август ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор воридоти мошинҳои то соли 2013 тавлидшударо мамнӯъ кард, ки аз 2 октябр ба иҷро даромад.
Ҳадафҳои ин иқдом “пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани партовҳои гази карбон ба атмосфера” мебошад.