ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ҷашни зодрӯз дорад ва ба ин муносибат кишвардорони зиёд унвонии ӯ мактубӣ табрикотӣ ирсол намуданд.
Котиботи роҳбари давлат хабар дод, ки Владимир Путин, президенти Русия паёми табрикотӣ ирсол намудааст.
Кишвардори Русия аз фаъолияти доманадори Эмомалӣ Раҳмон гуфта, қайд намуд, ки ӯ миёни ҳамватанони худ эҳтироми шоиста дорад ва ҳамзамон дар хориҷи кишвар низ обрӯ ва эътибори баландро соҳиб шудааст.
"Саҳми шахсии шумо дар таҳкими муносиботи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳои мо, ҳамчунин тақвияти робитаҳои барои ду ҷониб судманд дар доираи СААД, ИДМ ва СҲШ бузург аст", - омадааст дар номаи табрикотии роҳбари Русия.
Дар идома Путин зикр намуд, ки аз идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории зич дар самти масъалаҳои мубрами муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон хушҳол хоҳад буд.
Президенти Русия ба ҳамтои тоҷики худ сиҳатмандии комил, некӯаҳволӣ ва комёбиҳо орзу намуд.
Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) ба дунё омада, аз моҳи ноябри соли 1992 ба ин сӯ амалан раҳбари Тоҷикистон аст.
Хатми ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини амнияту субот ва баровардани Тоҷикистон ба роҳи рушди устувори иқтисодиро аз дастовардҳои сиёсатҳои 30 – солаи ӯ ном мебаранд.