Ғарб душмантарошӣ дорад, онро дар дохили блокҳои худу дар сатҳи ҷаҳонӣ истифода мебарад, вақте душман ҳаст, ҳама бояд дар гирди сардор ҷамъ шаванд, гуфт раисҷумҳури Русия, Владимир Путин.
Вай зимни суханронияш дар маҳфили мубоҳисавии "Валдай" гуфт, барои Ғарб душман зарур аст ва гоҳо таҳдидҳои тахаюлӣ эҷод мекунанд.
Раисҷумҳури Русия мегӯяд, кишварҳои ғарбӣ душманро аз онҳое метарошад, ки мувофиқи табъи дили онҳо рафтор намекунаду аз худ мустақилӣ намоиш медиҳад
"Аз ҳама душман метарошанд, аз Чин, гоҳо аз Ҳинд, интихобан аз кишварҳои арабӣ, гоҳо мехоҳанд аз мусалмон дар маҷмуъ душман битарошанд", - гуфт ӯ.
Путин аз он интиқод кард, ки Ғарб сиёсати пӯшидаи блокиро пеш гирифтаанд, ки то ҷое мустақилияти кишварҳоро маҳдуд мекунанду дар баробари масоили амниятӣ инчунин роҳҳалҳои иқтисодиро низ бори кишварҳои узв мекунанд.
Раисҷумҳури Русия гуфт, дар низоми нави ҷаҳонӣ адолату баробарӣ таъмин шуда, амнияту рушд баробар ба ҳама таъмин хоҳад шуда, якаҳокимиятӣ аз байн меравад ва ҳеч гоҳ барнахоҳад гашт.
Маҳфили мубоҳисавии "Валдай" бо иштироки коршиносони дохилию хориҷӣ дар шаҳри Сочи ҷараён дорад.