"Табиби паррон"-и Тоҷикистон дар Эрон ҷоиза гирифт

Ин намоишномаи ҳунармандони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ қаблан дар ҷашнвораи байнулмиллалии шаҳри Қозони Русия бо ҷоиза қадрдонӣ шуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт – Sputnik. Ҳайати беш аз 14-нафараи ҳунармандони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ баъд аз як ҳафтаи сафари ҳунарӣ аз кишвари Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд.
Ҳунарманди суғдӣ барои муаррифии Тоҷикистон бо намоишномаи "Табиби паррон" озими шаҳри Гургон, маҳалли баргузории ҷашнвораи байнулмиллалии театрҳои миллӣ шуда буданд.
Саркоргардони театри ба номи Камоли Хуҷандӣ, Суҳроб Шейхов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки "Табиби паррон" дар ин ҷашнвора соҳиби ҷоиза гардид.

“Аз ин сафари ҳунарии мо эрониҳо хеле шод шуданд. Давоми як соати намоишнома то 40 маротиба кафкӯбиҳо карданд. Дар охир ба мо ҷоиза тақдим намуданд. Бо таасуроти хуб ба Ватан баргаштем” – гуфт саркоргардон.

Бино ба гуфти манбаъ, дар ин ҷашнвораи театрҳои миллии Эрон ҳунармандони кишварҳои Арманистону Тоҷикистон ва Чин ширкат кардаанд.
Намоишномаи "Табиби паррон", ки Тоҷикистонро дар Эрон муаррифӣ намуд, аз рӯи асари драмманависи фаронсавӣ Жан Батист Молйер таҳия шуда, ҳунармандони Суғд онро ба таври миллӣ рӯйи саҳна гузоштаанд.
Ҳуснуллин аз оғози сохтмони театри ба номи Маяковский дар Душанбе хабар дод
Аз ҷумла номи қаҳрамонҳо, сару либоси ҳунармандон ва ҳатто саҳнаҳо бо садои доира банду баст мегардад, ки сирф тоҷикона аст.
Ин намоишнома бори нахуст дар ҷашнвораи байналмиллалии театрҳои касбӣ таҳти унвони "Наврӯз – 2019" дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия ширкат намуда, соҳибҷоиза гаштааст.
“Табиби паррон” рамзӣ буда, ишқи ду ҷавон ва найрангҳои як сарватмандеро, ки барои якҷо шудани онҳо монеъ мешавад, тасвир мекунад.