Русия саҳми Тоҷикистон дар энергетикаи "сабз"-ро таъкид кард

Мақомоти Русия дар якҷоягӣ бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рушди энергетикаи сабз, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обиро рушд хоҳанд дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Русия қасд дорад равишҳои стратегии рушди ҳамкориҳои бахши энержиро бо кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баррасӣ кунад.
Дар ин бора вазири энержии Русия, Николай Шулгинов дар чаҳорчӯби анҷумани энержии кишварҳои СҲШ дар Қазоқистон хабар дод.
Вай гуфт, ки дар Тоҷикистон бузургтарин тарҳи сармоягузорӣ дар бахши энержӣ - нерӯгоҳи барқи обоии "Сангтӯда-1" татбиқ шудааст, ки дувумин нерӯгоҳи барқи обии бузург дар кишвар мебошад. Вай афзуд, ки дар ин самт низ рушди энергетикаи сабзро идома хоҳанд дод.
Интизор меравад, ки дар ин форум ҳамчунин масъалаҳои саноати нафту газ, нерӯи барқ, атомӣ ва саноати ангишт баррасӣ шаванд.
Қатар маблағгузории сохтмони НБО “Роғун” ва фурудгоҳи байналмилалии Данғараро меомӯзад
Дар навбати худ, дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи Қазоқистон хабар дод, ки бо ташаббуси президенти ҷумҳурӣ Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар кишвар стратегияи энергетикии СҲШ таҳия шуда истодааст.
Ин ҳуҷҷат самтҳои асосии ҳамкории минбаъдаи аъзои созмон дар соҳа то соли 2030-ро дар бар мегирад, илова намуд вазорат.
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) як иттиҳодияи байналмилалӣ аст, ки 15 июни соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Мақомоти Тоҷикистон пайваста ба энергетикаи сабз таъкид карда, изҳор медоранд, ки дар ҷумҳурӣ қисмати асосии нерӯ дар манбаъҳои барқароршаванда, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид карда мешавад.