ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар тарабхонаи "Якксарой"- и шаҳри Хуҷанд ҳолатҳои зиёди вайрон кардани талаботи қонун ошкор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, зимни баргузории санҷишҳо дар ин тарабхона ҳолатҳое ошкор гардид, ки қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо нақз мешуд.
Ин ниҳод мегӯяд, директори тарабхонаи мазкур дар чанд ҳолат тӯйи шаҳрвандонро дар тарабхона бидуни бастани шартномаи хизматрасонӣ гузаронидааст, ки ин кори ӯ хилофи қонуни танзим аст.
Гуфта мешавад, як ҳолати баргузор шудани маросими арӯсӣ дар вақти корӣ баргузор шудааст, ки талаботи қонунро дағалона вайрон намудааст.
Зимнан, ин ниҳод қонуншикании чанд сароянда ва барандаро ошкор намуд, ки онҳо низ бидуни бастани шартномаи хизматрасонӣ ҷашни арӯсиро обод карданд.
Илова бар ин, дар тарабхонаи мазкур як сокини маҳаллӣ аснои баргузор кардани маъракаи домодталбон 72 меҳмон даъват карда, се намуд хӯрок зиёфат додааст.Ин чорабиниро маъмури тарабхонаи "Яккасарой" бидуни шартномаи хизматрасонӣ баргузор кардааст.
Дар ҳамин ҳол, прокуратура хабар дод, ки нисбати директор, маъмури тарабхона, сароянда, баранда ва сокини маҳаллӣ бо моддаи 481 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
Дар асоси ин модда, директори тарабхона ба супурдани 81600 сомонӣ, маъмури тарабхона - 44200 сомонӣ, баранда ва сарояндаи ҳар кадоме 51000 сомонӣ ҷарима шуданд.
Ёдовар мешавем, ки қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шуда буд.
Он ба коҳиши хароҷоти молӣ ва теъдоди меҳмонон дар маросиму идҳо ва ба ин васила ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишвар равона шудааст.