ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Таронаи ваҳдат дар боми ҷаҳон" баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар додааст.
Мавзӯъҳои аслии конфронс сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон буд. Вохӯрӣ дар доираи нақшаи фаъолияти Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин дастгирии занон дар кишвар ва вазъи иҷтимоии онҳо баррасӣ шуд. Иштирокчиён аз намоишгоҳи корхонаҳои ҳунарӣ ва саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорон дар доираи гранти президентӣ бунёд шудаанд, дидан карда, оид ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ тавсияҳои судманд доданд.
Ҳамчунин дар бораи саҳми занони тоҷик дар пешрафти кишвар, кушода шудани сехҳои дӯзандагӣ, меҳмонхонаҳо, дастовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра муҳокима гардид.
Иштирокчиёни чорабинӣ ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ВМКБ баҳо доданд.