Эрон метавонад узви Кумитаи байнидавлатии ҳавонавардӣ шавад

Масъалаи қабули узви нав дар ҷаласаи Шӯрои намояндагони ваколатдори давлатҳои ширкаткунанда, ки Тоҷикистонро низ шомил аст, баррасӣ хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Эрон барои пайвастан ба тавофуқномаи Кумитаи байнидавлатии ҳавонавардӣ изҳори ҳавасмандӣ кардааст.
Дар ин бора роҳбари Кумитаи байнидавлатии ҳавонавардӣ, Олег Сторчевой хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, масъалаи вуруди эҳтимолии Эрон ба КБҲ дар Шӯрои намояндагони ваколатдори давлатҳои ширкаткунанда баррасӣ хоҳад шуд.
Роҳбари созмон ба "Известия" гуфтааст, ин пешниҳод дар чаҳорчӯби музокирот бо мақомоти авиатсионии Эрон дар баҳори соли 2023 ба миён гузошта шудааст. Эрон имкони пайвастан ба Кумитаи байнидавлатии авиатсиониро баррасӣ мекунад, афзуд ӯ.
Фурудгоҳ дарвоза аст: Раиси Суғд кормандони авиатсияи тоҷикро шодбош гуфт
"Ҷалби Эрон метавонад заминаи хубе барои тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши ҳавонавардии шаҳрвандӣ ва таъмини амнияти парвозҳо бошад", - афзуд раиси КБҲ.
Бояд гуфт, ки КБҲ аз ҷониби давлатҳои пасошӯравӣ соли 1991 бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ таъсис дода шудааст.
Ба ин кумита Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон дохил мебошанд.