ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Новобаста аз кӯшиши Ғарб барои шикастани Русия бо дасти Киев, тамоми ҳадафҳо ва вазифаҳои амалиёти махсуси низомии Русия иҷро хоҳанд шуд.
Дар ин бора муовини раиси ҳайати Русия Константин Воронтсов дар ҷаласаи Кумитаи якуми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, хабар медиҳад "РИА Новости".
"Мушаххас аст, ки кӯшиши шикастани Русия бо дасти Киев як ҷузъи курси стратегии кишварҳои ғарбӣ барои эҳёи низоми ҷаҳони якқутбӣ аст", - гуфт дипломат.
Ба гуфтаи вай, "давлатҳои ғарбӣ муваффақ намешаванд".
"Як сол пеш, 30 сентябри соли 2022 воқеаи муайянкунанда, воқеан сарнавиштсоз ва таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Созишномаҳо дар бораи қабули чаҳор субъекти нави Федератсия ба Русия ба имзо расида буданд. Миллионҳо сокинони вилоятҳои Донбасс, Запороже ва Херсон ватани худро Русия интихоб карданд", - гуфт Воронтсов.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас - на Киев ва на сарпарастони ғарбии он - иродаи ин мардумро шикаста наметавонанд.
"Ин ҳодиса танҳо як тасдиқи он аст, ки новобаста аз он ки Ғарб режими Киевро бо силоҳ пур пур мекунад ва кӯшиши зиён расондан ба Русияро дорад, ҳеҷ чиз ба фоидаи онҳо сурат намегирад. Ҳама ҳадафҳо ва вазифаҳои амалиёти вижа анҷом хоҳанд ёфт”, - изҳор дошт намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия.