ДУШАНБЕ, 3 окт – Sputnik. Дар вилояти Боткенти Қирғизистон ҷаласаи муштараки навбатии байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Музаффар Юнусов, сардори хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал-полковник Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар генерал-лейтенант Қамчибек Тошиев роҳбарӣ намуданд.
Дар рафти ҷаласа мубодилаи афкор дар масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.
“Роҳбарони гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон муҳиммияти ҳаллу фасл намудани минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии байни ду кишварро иброз намуда, ба аъзоёни гурӯҳҳои корӣ дастурҳои мушаххас доданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин тибқи иттилои манбаъ, гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон корҳоро барои тартиб додани нақшаи лоиҳаи хатти марзи давлатии ду кишвар дар қисматии боқимондаи сарҳади давлатӣ идома медиҳанд.
Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо тақвияти бахшидани дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва эътимодӣ байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷониба муҳим донистанд.
Аз натиҷаи вохӯрии ҳайатҳои байнидавлатии дуҷониб протокол ба имзо расид. Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Раиси КДАМ генерал-полковник Саймумин Ятимов ва раиси КДАМ Қирғизистон генерал-лейтенант Қамчибек Тошиев
© Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд
Ёдовар мешавем, ки ахиран Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон вобаста ба изҳороти як мақоми баландпояи ҳукумати дар мавриди марзи ду кишвар эътироз баён кард.
Вобаста ба ин сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корхои хориҷӣ даъват карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки ахиран муовини нахуствазир, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки аз даъвоҳои ҳудудӣ даст кашанд.