ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дар Душанбе бизнес акселератори тиҷоратии ҷавонони соҳибкори Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид, иттилоъ додааст Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ ин иқдом бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон дар самти соҳибкорӣ, ҳамкориҳои расмӣ, тиҷоратӣ, ҷорӣ намудани техналогияҳои нав дар иқтисодиёт ва ба роҳ мон дани ҳамкориҳои судманд сурат гиритааст.
Дар ин чорабинги намояндагони мақомоти расмии Русия ва Тоҷикистон ва соҳибкорони ҷавон ду кишвар иштирок доштанд.
“Ҳадафи акселератори тиҷоратии болозикр рушди ҳамкорӣ дар соҳаи соҳибкории ҷавонон, фаъолгардонидани фаъолияти муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди сайёҳӣ мебошад”, - қайд кардааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки дар доираи акселератори тиҷоратӣ 10 нафар соҳибкорони ҷавон аз Русия барои татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои тиҷоратии ба Тоҷикистон омада, бо шарикони тиҷоратии худ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд.
Дар доираи Бизнес акселератори болозикр 7 созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорони Тоҷикистон ва соҳибкорони Русия ба имзо расонида шуд. Ҳамзамон, иштирокчиён ҷиҳати шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамоварда барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва соҳаи технологияҳои инноватсионӣ дар Тоҷикистон аз Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон, КВД “Шаҳриҳушманд”, Фонди ҷамъиятии "Фонди рушди инноватсия ва саноат" (IDF) дидан намуданд.
Бизнес акселератори аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии федералии кор бо ҷавонон Русия бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.