Клиникаҳои тиббии сайёр ба беш аз 90 ҳазор сокинон хизмат расониданд

Дар доираи маъракаи “Корвони саломатӣ” клиникаҳои мазкур ба шаҳру навоҳии кишвар сафар намуда, шаҳрвандонро ба муоина ва ташхисҳои ройгон фаро мегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Клиникаҳои тиббии сайёр ба 90 ҳазору 705 нафар хизматрасонӣ намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.
Вазорати тандурустӣ таъкид дар доираи маъракаи “Корвони саломатӣ” клиникаҳои мазкур ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар намуда, шаҳрвандонро ба муоина ва ташхисҳои ройгон фаро мегиранд.
Айни замон клиникаҳои сайёр дар ноҳияҳои Кӯшониён, шаҳри Ҳисор ва Бобоҷон Ғафуров қарор доранд.
Клиникаҳои тиббии сайёр дар Тоҷикистон
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз 03 октябр клиникаи тиббии сайёри рақами 2 фаъолияташро дар шаҳри Ҳисор низ оғоз хоҳад кард.
“Клиникаҳои тиббии сайёр фаъолияти худро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар н аз моҳи феврали соли гузашта оғоз карда, то имрӯз ба зиёда аз 90 ҳазору 705 нафар бемор хизмат расонида, инчунин 263 ҳазору 191 амалиёт, машварат ва ташхису муоинаҳо гузарониданд, ки аз ин 302 амалиётҳои ҷарроҳӣ мебошанд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки ҳама намуди хизматрасониҳо ва маводҳои доруворӣ аз ҷониби клиникаҳои мазкур ба таври ройгон тақдим карда мешаванд.
Эътирофи СҶБ аз як Озмоишгоҳи вазорати тандурустӣ
Дар баробари ин, дар доираи барномаи мазкур воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашудаи ёрирасони клиникаҳои сайёр пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо барои дастрас намудани беморон аз деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ то ба клиникаҳои сайёр хизматрасонӣ менамоянд.
Вазорати тандурустӣ қайд намудааст, ки бо мақсади ба ташхису муоина фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба кишвар якчанд клиникаҳои сайёр ворид намуд.