ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Имороти Муттаҳидаи Араб ҳавасмандияшонро барои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи долони "Шимол - Ҷануб" баён доштанд.
Ин нукта дар мулоқоти вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Арзибек Кожошев бо роҳбари бузургтарин гуруҳи ширкатҳои ҳамлу нақли Иморот, Abu-Dhabi Ports, Муҳаммад Ҷумъа Ал-Шамсӣ таъкид шуд.
Ба гуфтаи Кожошев, айни замон Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар якҷоягӣ бо кишварҳои ИИАО бо иштирокчиёни лоиҳаи долони байналмилалии нақлиётии "Шимол-Ҷануб" ва тамоми ҷонибҳои манфиатдор музокирот дорад.
Ин тарҳ ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан аз тариқи Туркманистону Эрон ва минбаъд бо роҳи баҳрӣ ба Амороти Муттаҳидаи Арабро дар бар мегирад.
2 октябри 2023, 18:45
Зарфияти боркашонӣ тариқи долони "Шимол-Ҷануб" метавонад то соли 2030 ба 41-45 млн тон расад, интизор доранд таҳлилгарони ИИАО.
"Роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои мо ва интиқолдиҳандаҳои бор аз тариқи роҳи оҳан ба рушди ҳамлу нақл аз тариқи долони "Шимол-Ҷануб" дар самти Амороти Муттаҳидаи Араб, аз ҷумла дар доираи лоиҳаи Агроэкспресси АвруОсиё манфиатдор мебошанд", - гуфт Кожошев.
Муҳаммад Ҷумъа Ал-Шамсӣ аҳамияти ҳамлу нақлро барои рушди иқтисоди кишварҳои минтақа таъкид намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби долони байналмилалии нақлиётии "Шимол-Ҷануб" баён дошт.
Ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, табодули таҷриба ва татбиқи рақамисозӣ дар бахши ҳамлу нақл, аз ҷумла дар бандарҳоро таҳким мебахшанд.