ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Анҷумани дуюми "Рушди ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда", ки рӯзи чаҳоршанбе 1 ноябр дар Маскав баргузор мешавад, ба таҳлили вазъи кунунӣ ва дурнамои фаъолияти ВАО дар кишварҳои узви ИДМ бахшида мешавад.
Чорабинӣ аз ҷониби Гурӯҳи байналмилалии расонаҳои "Россия сегодня" бо дастгирии Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавии Русия ташкил карда шуд.
Дар ин ҳамоиш мудири кулл “Россия сегодня” Дмитрий Киселев, раиси Кумитаи сиёсати иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототи Думаи давлатӣ Александр Хинштейн, раиси Иттифоқи журналистони Русия Владимир Соловёв, раиси идораи рӯзноманигорӣ суханронӣ мекунанд.
Инчунин раиси “Россотрудничество” Евгений Примаков, мудири генералии Пажуҳишгоҳи рушди интернет Алексей Гореславский, мудири Лигаи амнияти интернет, мудири иҷроияи Маркази миллии мониторинги кумак ба кӯдакони гумшуда ва ҷабрдида Екатерина Мизулина, декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав Елена Вартанова, мудири Институти медиа Мактаби олии иктисодиёт, барандаи телевизион Эрнест Маncкевичус ва дигарон суханрониву иштирок хощанд кард.
Дар баҳсҳо сиёсатмадорони бонуфузи Русия, расонаҳо ва коршиносон ширкат хоҳанд кард.
Ҷаласаи умумии форум ба мушкилоти журналистикаи байналмилалӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳамкорӣ дар фазои иттилоотию сиёсӣ дар кишварҳои ИДМ бахшида мешавад.
Дар ҷаласаҳои мавзуӣ ояндаи щуши маснуъь дар соҳаи медиа, стратегияҳои муассири рощандозии каналҳои Telegram, рушди ВАО-и русзабон дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хусусиятҳои омодасозии донишҷӯёни факултетҳои тахассусӣ дар даврони рақамӣ баррасӣ мешаванд.
Дар соли гузашта 300 рӯзноманигор, сиёсатмадорон ва коршиносон аз Русия, кишварҳои хориҷи наздик ва дур дар ҳамоиши расонаҳои кишварҳои ИДМ, ки дар Маркази байналмилалии матбуоти чандрасонаии “Россия сегодня” баргузор шуд, ширкат карданд.