Толибон кордори Арабистонро ба далели ҳузури як зан дар ҷалас эҳзор кард

Равобити умумии толибон* кордори сафорти Арабистони Саудиро ба далели ҳузури як зан дар ҷаласае ба вазорати умури хориҷаи Афғонистони эҳзор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ҳукумати толибҳо дар аввали моҳи октябр аз эҳзори кордори сифорати Арабистони саъудӣ ба вазорати умури хориҷаи ин кишвар хабар дод, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳукумати толибҳо кордори сафорти Арабистони Саудиро ба вазорати хориҷа даъват намуда, эълом кард, ки ҳузури зан дар ҷаласаи ахир, аъзои ҳайати толибонро асабӣ кардааст.
Пойгоҳи интерентии шабака "Алаарабия" дар ин бора навиштааст, ки эҳзор барои тавзеҳи далели ҳузури як зан дар ҷаласаи ахир дар сатҳи дастёрони анҷом шудааст.
Кабулов: Толибон* бояд сари ҳукумати фарогир ҷиддӣ фикр кунанд
Толибон эълом кардаанд ки ҳузури як хонум дар ҷаласаи боиси нороҳатии аъзои гурӯҳ шуда ва он ҳо гуфтаанд "ин масаъла, аъзои ҳайати моро асабӣ кардааст".
Идораи равобити умумии ҳукумати толибон* бо интишори матлабе дар шабакаи иҷтимоии"X" ( Туитери собиқ ) эълом кард: "мо беэҳтиромӣ ё кӯтоҳ омадан аз арзишҳои худро таҳаммул нахоҳем кард".
Толибон * — ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористии таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.