Се ноҳияи Хатлон нақшаи даъватро дар як рӯз иҷро карданд

Дар баробари шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бархе аз ноҳияҳои вилояти Хатлон низ нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Нақшаи даъвати тирамоҳии навҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар 3 ноҳияи Хатлон дар рӯзи аввали оғози маърака иҷро шуд.
Дар ин бора нашрияи расмии вилоят - "Хатлон" иттилоъ дод. Манбаъ афзуд, ки дар ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғара нақшаи даъват дар рӯзи аввал иҷро гардид.
Таъкид шудааст, ки гусели ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ботантана идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар арафаи даъвати тирамоҳӣ президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо генералҳои баландпоя дастур дод, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ муташаккилона гузаронида шавад.
Ворух дар ним рӯз нақшаи даъват ба артишро иҷро кард
Раҳмон дар хитоб ба мақомдорони бахши низомӣ таъкид карда буд, ки хизматчиёни ҳарбӣ бо сару либос ва озуқаворӣ ҳарчи беҳтар таъмин шаванд.
Дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ моҳҳои октябр ва ноябр идома хоҳад дошт. Тайи ин муддат шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд.
Ахиран додситонҳои низомӣ дастур гирифтанд, ки назоратро дар кори комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ боз ҳам пурзӯр созанду барои пешгирию бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо қарорҳои лозимӣ қабул намоянд.