ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар Маскав бахшида ба фарҳанги тоҷикон чорабинӣ баргузор шуд. Чорабинӣ дар чаҳорчӯби ҷашнвораи кӯдаконаи "Хонаи ман - Маскав" баргузор шуд, ки дар он хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ширкат дошт.
Меҳмонони чорабинӣ бо санъати амалии миллӣ ошно шуда, аз рӯи ҳунари хаттотӣ ва гулдӯзии тоҷик дарсҳои маҳорат гузаштанд ва ҳамчунин аз ҳунарнамоии ҳунармандони ҷавон баҳра бурданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи август дар Остона Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуда буд.
Намоишгоҳи аслии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон, ки дар саҳни Театри давлатии Қазоқистон воқеъ аст, таҷассуми равшани сарвати фарҳангии кишвар гардид.
Сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Қосимҷомарт Тоқаев дар маросими ифтитоҳи ҷашнвора ширкат карда, ба ташкили ин чорабинӣ баҳои баланд доданд.