"Нонгазон" дар Душанбе: Садҳо ихтиёрӣ ба хизмат рафтанд

Раиси Душанбе дастур додаст, ки байни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбӣ ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ташвиқу тарғиб шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Зиёда аз 400 ихтиёрӣ дар рӯзи аввали даъват ба хизмати ҳарбӣ рафтанд, иттилоъ дод шаҳрдории Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, ба даъватшудагоне, ки аз чор ноҳияи шаҳр дар ин рӯз сафарбар гардиданд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим шуда, бо ҳузури наздикону масъулин маросими "Нонгазон" сурат гирифтааст.
Таъкид шудааст, ки сол ба сол теъдоди ихтиёриёне, ки ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мепайванданд, афзоиш ёфтааст.
Се ноҳияи Хатлон нақшаи даъватро дар як рӯз иҷро карданд
Зикр шудаст, ки бо қарори раиси Душанбе, Рустами Эмомалӣ ниҳодҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, кор бо занон ва оила дар пойтахт муваззаф шудаанд, байни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд тарғиб намоянд.
Даъвати наваскарон дар Тоҷикистон 1 октябр оғоз гардида, то охири ноябр давом хоҳад кард.
Бархе аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро карданд. Дар ин феҳраст дар баробари шаҳру навоҳии ВМКБ инчунин ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғара қарор доранд.