ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Омӯзгори фанни физика ва астрономияи мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб Абдуқаҳҳор Сулаймон дар озмуни имсолаи ҷумҳуриявии "Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2023" баранда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар додааст.
Таъкид шудааст, ки Абдуқаҳҳор Сулаймон вилояти Хатлонро намояндагӣ карда, бо нишон додани бартарӣ ва соҳиб шудан ба баҳои баланд миёни довталабони дигар шаҳру вилоятҳои кишвар гол бият ба даст оварда, Ҷоизаи "Омӯзгори соли Тоҷикистон - 2023" ва мукофоти пулиро соҳиб гашт.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар кушодашавӣ ва рафти озмун вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро бевосита ширкат дошт.
Қайд карда шудааст, ки даври ҷумҳуриявии озмун 3 рӯз давом намуда, дар он Абдуқаҳҳор Сулаймон аз рӯйи шартҳои муаррифии таҷрибаи корӣ, маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, ҷавоб додан ба 10 савол ва кор бо компютер бартарӣ нишон дод.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ташкил ва баргузор карда шуда, мақсади он дарёфт ва ошкор сохтани омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ҳамчунин тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон мебошад.
Имсол даври ҷумҳуриявии озмун бо иштироки бевоситаи вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода баргузор гардида истодааст.