ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Соҳибкор ва миллиардери амрикоӣ Илон Маск дар саҳифааш дар Twitter ёддоштеро дар бораи "ранҷ"-и раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский нашр кардаст, ки пайваста кумак мепурсад.
Дар расм як нафаре дар ҳолати изтиробу азоб бо рагҳои барҷастаи рӯйу гардан намоиш дода шудааст, ки ба вай чеҳраи Зеленскийро часпондаанд.
"Вақте панҷ дақиқа гузашту шумо як миллиард доллар кӯмакро талаб накардед", - навиштааст Маск дар шарҳи акс.
Ахиран президенти ИМА, Ҷо Байден қонунеро имзо кард, ки аз ҷониби Конгресс тасдиқ шудааст, ки маблағгузории ҳукуматро ба муддати 45 рӯз - то 17 ноябр таъмин мекунад.
Дар ҳамин ҳол, дар қонун ҷудо кардани маблағ барои эҳтиёҷоти Украина пешбинӣ нашудааст.
Қаблан гуфта мешуд, ки иқтисоду саноати низомии Украина дар ҳолати рукуд қарор дошта, таъминоти молиявию низомии онро кишварҳои ғарбӣ, махсусан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба уҳда дорад.
Маскав пештар алайҳи таъминоти густурдаи низомии Украина аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ нота фиристода, таъкид карда буд, ки ҳар бори ҳомили аслиҳа ҳадафи қонунии зарба будан метавонад.