Мақомоти Суғд сабаби фаъолият накардани 159 корхонаро шарҳ дод

Ба иддаои мақомоти Суғд сабабҳои фаъолият набурдани баъзе корхонаҳои саноатӣ мавсимӣ будани фаъолият ва нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир аз 974 корхонаи саноатӣ 815 корхона фаъолият бурда истода, 159 корхона аз фаъолият боз мондааст, дар ин бора иттилоъ додааст сомоаи “Ҷумҳурият”.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳисоби ин корхонаҳо ба маблағи 65,7 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол нагардид, ки ба 0,6 дарсади ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят баробар аст.
“Сабабҳои фаъолият набурдани баъзе корхонаҳои саноатӣ мавсимӣ будани фаъолият, нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд шудани бозорҳои анъанавии фурӯши маҳсулот, рақобат карда натавонистани маҳсулоти онҳо ва иваз намудани самти фаъолият, ҳамчунин, баҳсҳои амволӣ мебошанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин ҳукумати вилоят қайд кардааст, ки саноати вилояти Суғд бештар дар соҳаҳои сохтмон, хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркард нишондиҳандаҳои назаррас дошта, бо давлатҳои Туркия, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Чин, Канада, Италия, Арабистони Саудӣ, Беларус, Корея, Ҳиндустон ва Эрон ҳамкорӣ дорад.
Раиси Суғд бо сохтмони сехи Саидмурод Давлатов ва мактаб дар Айнӣ шинос шуд
“Маҳсулоти саноатии вилоят ба давлатҳои Русия, Қазоқистон, Италия, Беларус, Арманистон, Бритониё, ИМА, Туркия ва Чин содирот мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Дар корхонаҳои азими саноатии вилоят, ки беш аз 80-то мебошанд, 32481 нафар бо ҷойи кор таъмин аст.
Қарор аст то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 705 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 14100 ҷойи кор мавриди истифода қарор бидиҳад.