Геологҳои ИДМ истифодаи сарватҳои зеризаминиро баррасӣ намуданд

Геологҳои ИДМ тариқи маҷозӣ самтҳои афзалиятноки тараққиёти геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминиро дар қаламрави ин созмон баррасӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Ҷаласаи дуюми гуруҳи кории Шурои байниҳукуматӣ дар бораи иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи самтҳои афзалиятноки рушди геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба таври маҷозӣ таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Саридораи геологияи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар кори он намояндагон аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи навбатӣ се мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аз рӯи онҳо мушовири шуъбаи ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи ИДМ Елена Валевич, муовини директори генералии "Mаркази байналмилалии таҷрибаи пешқадам дар соҳаи идораи устувори захираҳои табиӣ" Л. Горюнов ва муовини Сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Алимащмуд Ализода сухан карданд.
Геологҳои Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои барои ҳаёт номуносиб ва хавфнок гуфтанд
Дар ҷаласа оқои Ализода ба ҳайси роҳбари гуруҳи корӣ интихоб шуд.
Доир ба масъалаҳои "Дар бораи вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи ташкили институти коршиносон оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои ИДМ" ва "Дар бораи рӯз ва ҷои баргузории ҷаласаи навбатии Гуруҳи корӣ" қарорҳои дахлдор қабул гардид.