ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаиқронӣ ба масофаи ҳазор метр Шаҳриёр Даминов муаррифӣ карда, дар даври ниҳоӣ миёни 9 нафар 6-ум шуд.
Ба иттилои сомонаи "Варзиш", Даминов масофаи ҳазор метрро дар 4 дақиқаю 28 сония тай кард.
Мақоми аввалро дар ин сабқат Лай Куан Чиен аз Тайпеи Чин бо нишондоди 4 дақиқаю 15 сония гирифта, Владлен Денисов аз Ӯзбекистон зинаи дуюмро соҳиб шуд.
Мақоми сеюм ва медали биринҷиро намояндаи Қазоқистон Тимофей Йемелйанов бо нишондоди 4 дақиқаю 18 сония соҳиб шудаст.
Тоҷикистонро дар бахши қаиқронӣ ду варзишгар - Шаҳриёр Даминов ва Абдусаттор Давлатов намояндагӣ мекарданд, ки дувумӣ дар марҳилаҳои аввал дучори бохт гардида буд.
Намояндагони Тоҷикистон дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу то ҳол 5 медалро ба даст овардаанд, ки 3 дар риштаи ҷудо ва 2 ададашон дар бахши кураш мебошанд.
Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ қаблан қарор кард, варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиё медали тило ба даст меоранд, соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ дар пойтахт мешаванд. Шаҳрдорӣ барои медали нуқра хонаи дуҳуҷрагӣ ва барои нишони биринҷӣ хонаи якҳуҷрагӣ мукофот таъйин намудаст.
Дар баробари хонаи истиқоматӣ барои ҳар медали ин мусобиқот ҷоизаи президенти Тоҷикистон таъйин шудааст, ки барои нишони тило - 150 ҳазор сомонӣ, медали нуқра - 100 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.