ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Исфара наваскаронро зимни як ҳамоиши бузург бо тантана ба хидмати аскарӣ гусел намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Исфара.
Раиси шаҳр Баҳовидин Баҳодурзода зимни суханронӣ таъкид кардааст, ки ҷавонон дарк намудаанд, ки Ворух дар хати марз қарор дорад ва ҳимояи марзу бум аз онҳо ҳисси баланди масъулиятшиносиро талаб мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 1-уми октябри соли ҷорӣ даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардида, то охири моҳи ноябр давом хоҳад кард.
Ба иттилои мақомот имрӯзҳо садҳо нафар ҷавонони шуҷои хатлонӣ барои адои хизмати аскарӣ дар сафи Артиши миллӣ изҳори омодагӣ карда, дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо номнавис шудаанд.
Барои назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ ва комиссияҳои даъват муваззаф гардидаанд.
Аз ҷониби Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳо дастур гирифтаанд, ки назоратро дар кори комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ боз ҳам пурзӯр созанду барои пешгирию бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо қарорҳои лозимӣ қабул намоянд.