Муҳоҷирон барои ҳалли мушкилашон имкон пайдо карданд ба мақомот муроҷиат намоянд

Мақомоти Тоҷикистон ахиран барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар ғарибӣ ба хусус дар Русия телефонӣ бовариро роҳандозӣ намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дар Русия телефони боварӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор даромад, иттилоъ додааст Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ ба муҳоҷират барои машварат ва роҳнамоӣ ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, рафъи саривақтии он, қабули дархосту муроҷиатҳо, расонидани ёрии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия телефони бовариро роҳандозӣ намудааст.
ТАвре манбаъ қайд кардааст, телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар вақти корӣ аз соати 9:00 то 18:00 фаъолият менамояд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои мақомоти расмии Русия шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни ҳамаи муҳоҷирони кории ба Русия омада аз ҷумлаи пешсафон шудаанд.
Намояндагии “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” дар вилояти Хатлон кай боз мешавад?
Дар соли 2022 наздики 987 ҳазор муҳоҷири тоҷикистонӣ ба шаҳру навоҳии Русия барои кор омадаанд, иттилоъ дод хадамоти таҳлилии шабакаи аудит ва консалтингии "Finexpertiza".
Ба ин тартиб, ба гуфтаи коршиносон, дар миёни ҳамаи хориҷиёне, ки барои кор ба Русия омадаанд, зодагони Тоҷикистон беш аз чоряки шумори умумии муҳоҷирон – зиёда аз 28% -ро ташкил медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки ба иттилои мақомоти Русия дар қаламрави ин кишвар беш аз 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.