ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik.Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дар доираи якуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Олмон бо Олаф Шолтс, садри аъзами ин кишвар дидору мулоқот кард.
Дар ин бора котиботи роoбари давлат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон садри аъзами Олмонро ба Тоҷикистон даъват кард ва даъвати ӯ пазируфта шуд.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки раисҷумзури Тоҷикистон зимни мулоқот бо Шолтс масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, ҳамчунин фарҳангию гуманитарӣ, бахусус маориф ва сайёҳиро муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо ташкили марказҳои логистикӣ ва ҳамчунин таъсис корхонаи муштарак барои коркарди маҳсулоти кишоварзиро зарур шумурданд.
Масъала Афғонистон низ мавриди баррасии Раҳмону Шолтс қарор гирифт ва зикр шуд, ки Тоҷикистон тамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишвар барои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст.
Роҳбари давлат аз дубора фаъол шудани чор пул дар марз, ҳамчунин аз интиқоли барқу масолеҳи ғизоӣ ва сохтмонӣ гуфт.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28 сентябр бо сафари серӯза ба Олмон рафт ва дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок дошт.