ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Олмон, Франк-Валтер Штайнмайер густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон" барои пазироии самимии роҳбарияти кишвари мизбон сипосгузорӣ кардаст.
Дар мулоқот ба тавсеаи робитаҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудаст.
"Дар баробари ин зарур шумурда шуд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти сармоягузорӣ, дар бахшҳои гуногуни саноат, обу энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва сайёҳӣ фаъол карда шавад", - омадааст дар иттилоия.
Мавзӯи афзоиши таҳдиду хатарҳо, аз он ҷумла вазъ дар Афғонистон низ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаст.
Инчунин дар мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон аз Франк-Валтер Штайнмайер даъват кардааст, вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.