Ин танҳо ширкати коркарди тилло аст, ки нисфи саҳмаш ба худи Тоҷикистон тааллуқ дорад.
“Талко Голд” ё “Тиллои Талко”, яке аз ширкатҳои гурӯҳи Талко, корхонаи давлатии Тоҷикистон аст, ки моҳи апрели соли 2021 дар минтақаи Кончочи ноҳияи Айнӣ бо сармоягузории Чин ба кор шурӯъ карда, 50 дарсади саҳмияҳояш ба Чин ва 50 дарсад ба худи Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Ширкат ба коркарди захираҳои маъдани кони Кончоч, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ оғоз мекунад, ки бино ба иттилои расмӣ, вуҷуди 39 тонна тило, ҳудуди 200 ҳазор тонна сурма ва дигар маъданҳои нодир дар он тасбит шудааст.
"Талко Gold" чӣ гуна дар Тоҷикистон тило тавлид мекунад?
"Талко Gold" яке аз коргоҳҳои тобеи “Талко”, ширкати давлатии Тоҷикистон аст, ки 27 апрели соли 2017 сабти ном шуда, муҷаввизи пардозиши захоири зерзаминӣ дар кони Кончочи ноҳияи Айнии вилояти Суғдро дорад.
Моҳи июни соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон санги асоси "ТАлКо Gold"-ро гузошт ва сохтмони он шуруъ шуд.